Хашаротхо Мохихо Хазандахо Парандахо Ширхурхо Мухофизати хайвонхои Точикистон Муаллиф
МУКАДДИМА
Иклим, набототи бой ва рельефи гуногун ба инкишофи намудхои зиёди хайвонот мусоидат мекунад. Кариб дар тамоми минтакахои иклими — аз нимбиёбонхои регзор, водии дарьёхо, нишебии куххо ва чангал cap карда, то баландкухи Помири осмонбус — мавчудоти зинда хаёт ба cap мебаранд. Дар Точикистон гуруххои гуногуни хайвонот пахн шудаанд. Дар ин чо мо ба соддатаринхо, рудаковокхо, кирмхо, нармбаданхо, бандпойхо ва хайвоноти мухталифи мухрадор дучор меоем. Агар ширхурхо 80, мохихо 44, обхокихо 2, хазандахо 44, паррандахо 350 намуд дошта бошанд, бемурахо дорои 10—12 хазор намуд мебошанд. Дар байни чунин айвоноти гуногуннамуд бешубха айвонхои барои одам фоидабахш ва ам зараррасон мавчуданд. Аз ин ру, омузиши олами хайвоноти Точикистон кайхост, ки диккати бисьёр олимонро чалб карда аст. Дар натича нa танхо намудхои хайвонот муайян гаштанд, инчунин усулхои катъии махви намудхои барои одам зараррасон ва роххои дурусти истифодаи хайвоноти фоидабахш дарьёфт шуданд. Бархам дода шудани касалихои пурхавфи одам - безгак, ришта, трахома (чашмдард) ва гайра мисоли равшан аст. Дар халли ин кор олими забардасти советй академик Е. Н. Павловский, ки хисми зиёди хаёти худро бахри тадкики хайвоноти паразити Точикиетон бахшидааст, сахми калон дорад. Академик Е. Н. Павловский ва шогирдони у дар кори тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба Точикистон ёрии бебахо расондаанд. Холо пайравони омузиши хаматарафаи олами хайвоноти Точикистонро идома медиханд. Дар байни хайвоноти бемухра ва мухрадори республика зараррасонхои зироати хочагии кишлок ва хайвонотхои пахнкунанда микроорганизмхои касалиангез мавчуданд, ки беморихои сироятии одам ва хайвонро ба вучуд меоранд. Масалан, соддатаринхри паразит, кирмхо, канахо, хашароти хунмак, шапалакхо, гамбускхо ва гайра, инчунин хояндахо ва баъзе паррандахо, ки дону меваи растаниро мехуранд, аз кабили онхоанд. Дар байни хояндахо ва заргушшаклхо пахнкунандагони касалихои хатарноки одам ва хайвон вомехуранд. Ба хайвоноти фоидаовар намудхои шикорию саноати — мохихо, паррандахо, баъзе хояндахо, сумдорхо ва ширхурхои дарранда, инчунин занбури асал, кирмаки абрешим ва бисёр бемухрахои дигар мансубанд. Дар байни паррандахо намудхои хашаротхур мавчуданд, ки бо фаъолияти худ афзоиши хашароти васеъ пахншуда ва махсусан зараррасонхои зироати хочагии кишлокро бозмедоранд. Одам олами хайвонотро омухта, хусусиятхои хаёти ва ходисахои ба онхо алокаманди табиатро дарк намуда, завки бадей мегирад ва боигарихои табиатро бошуурона истифода мебарад.
Маводхо аз китоби "Олами хайвоноти Точикистон" чамъ карда шудааст.
Хашаротхо Мохихо Хазандахо Парандахо Ширхурхо Мухофизати хайвонхои Точикистон
The Internet Access and Training Program (IATP) is a program of the Bureau of Educational & Cultural Affairs (ECA), US Department of State, funded under the Freedom Support Act (FSA). IATP is administered by the International Research & Exchanges Board (IREX).